Нобоварӣ барои таъсиси Эътилофи мухолифин дар остонаи интихобот
Ҳумайрои БАХТИЁР
Бархе аз коршиносони умури сиёсӣ ба таъсиси як Эътилофи қавии аҳзоби мухолиф дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон бовар надоранд. Дар ҳоле ки ба бовари онҳо аҳзоби мухолиф натанҳо мавқеи яксон надоранд, балки барои ба даст овардани пуштибонии мардум низ фурсати каме боқӣ мондааст.
Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ, имконияти аҳзоби мухолиф барои пиёда сохтани барномаҳояшонро дар муқоиса ба Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ маҳдуд медонад. “Имрӯз ҳар кореро, ки ҳукумат анҷом медиҳад, онро мардум ҳамчун як кори намунавии раҳбари ҳизби ҳоким сабт мекунанд. Аммо ҳизбҳои мухолиф ҳеч амали мусбатеро муаррифӣ карда наметавонанд. Зеро онҳо ба ҷуз аз интиқод дигар коре анҷом надодаанд”,-гуфт ӯ.
Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳизбҳои мухолиф низ барои ба вуҷуд овардани чунин як фазо мусоидат кардаанд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, давоми сол онҳо ҳеч барномаи мушаххасеро рӯйи даст нагирифта, танҳо қабл аз баргузории интихобот аз вуҷуди худ дарак медиҳанд. Қосими Бекмуҳаммад гуфт, дар умум барои муттаҳидшавии аҳзоби мухолиф дар остонаи интихобот чандон хушбин нест ва ҳатто дар сурати якҷоя шудан, аҳзоб натиҷаи дилхоҳро ба даст нахоҳанд овард. “Зеро то интихобот фурсати кам боқӣ мондааст”,-афзуд ин коршинос.
Дар гузашта ҳам баъзе аз аҳзоби мухолифи Тоҷикистон дар остонаи интихоботҳои парлумонӣ талош карда буданд, то бо таъсиси Эътилоф дар муқобили артиши беш аз садҳазораи ҳизби ҳоким қарор гиранд. Аммо ин эътилофҳо ё таъсис нашудаанд ва ё ин ки бо мухолифатҳои худи аҳзоб рӯбарӯ шуда, таъсири худро гум кардаанд.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад. Аммо Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон санаи дақиқи ин маъракаро эълон накарда ва аҳзоб низ мунтазири мушаххас шудани ин рӯз нишастаанд. Чаро ки танҳо пас аз эълони санаи интихобот онҳо низ тасмим хоҳанд гирифт, ки аб чи шакл дар ин интихобот ширкат меҷӯянд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ онҳо плениум доир карда, масъалаи баргузории анҷумани ин ҳизбро баррасӣ хоҳанд кард. “Оинномаи ҳизбии мо иҷоза намедиҳад, то ҳозир раёсати ҳизб бидуни машварат бо аъзои худ дар мавриди ширкат доштан ё надоштан мавқеъгирӣ намояд. Аслан мушкил пешбарии номзади аҳзоби мухолиф набуда, балки ба таври шаффоф баргузор гардидани интихоботи раёсати ҷумҳурист”,-таъкид кард Шабдолов.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли сипаришуда эълон дошта буд, ки номзади ҳизби онҳо дар интихобот иштирок мекунад ва ин номзад беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури кунунӣ нахоҳад буд.
Аз миёни аҳзоби мухолиф танҳо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, эълон дошт, ки дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро хоҳад гузошт. Раҳбари ҲСДТ эълом кард, ки номзадияшро танҳо бо пуштибонӣ аз ҷомеаи демократӣ пешбарӣ хоҳад кард.
Зоиров гуфтааст, бо рад гардидани пешниҳоди мухолифин барои ворид кардани тағйиру илова ба қонуни интихоботи президентӣ, чандон умеде барои баргузории интихоботи шаффоф надорад, вале ширкат доштан дар интихобот вазифаи ҳар як ҳизби сиёсӣ мебошад.
Бо ин ҳама, то ҳол аҳзоби мухолиф дар бораи таъсиси як Эътилоф барои баргузории интихоботи президентӣ ҳарфе нагуфтаанд. Коршиносон ҳам мегӯянд, мавқеъҳои начандон ба якдигар монанди ин ҳизбҳо монеи ташкили як Эътилофи нерӯманд шудааст. Дар ҳоле ки ахиран баъзе аз расонаҳо ба нақли қавл аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолиф дар ин кишвар, ки бештар аз 40 ҳазор узв дорад, навиштанд, ӯву ҳизбаш аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ хоҳанд кард, ба шарте ки оқои Раҳмон ба паймонҳои соли 1997 содиқ бошад.