Русия боз ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз Сурия берун овард
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия шаби 25 ба 26-уми июн дар қатори 128 шаҳрванди ин кишвар ва давлатҳои дигари узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз Сурия берун овардааст. Инҳо -- Саадун Еленаи 38-сола ва Саадун Ҳасани 20-сола будаанд.
Ин хабарро сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ тасдиқ кард. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июн ба “Озодагон” гуфт, намояндагони онҳо барои истиқбол аз ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ба фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав рафтаанд.
Оқои Эгамзод гуфт, "Елена Титанова ҳанӯз солиёни пеш бо шаҳрванди Сурия Холид Саадун, ки дар яке аз макотиби олии шаҳри Хуҷанд таҳсил мекард, бо ҳам издивоҷ намуда, соҳиби духтар шуда буданд. Муддате дар Хуҷанд иқомат доштанд, аммо баъдан ба Сурия кӯчиданд. То ба имрӯз доимӣ дар Димишқ иқомат доштанд ва бо Хуҷанд рафтуомад доштанд. Ахиран, сарвари хонавода бо нияти амни зану фарзандаш онҳоро ба Ватани аҷдодияшон ирсол доштааст."
Русия дар авохири моҳи майи соли ҷорӣ низ як хонаводаи тоҷикистониро аз Сурия берун оварда буд, ки аз шаш нафар иборатанд. Ин хонавода се соли пеш ба Сурия рафта, дар он ҷо машғули кору зиндагӣ будаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба мақомоти Русия, бахусус Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар, “барои амали башардӯстона” изҳори сипос мекунанд. Дар гузашта низ Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар як саф бо атбои Русия ва кишварҳои дигар, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Яман, Миср ва Либия ба манотиқи амн интиқол дода буданд.