Сиёҳсарҳо барои гуноҳи нокардаашон ба зиндон кашида мешаванд
Дар яке аз истгоҳҳои нақлиёти Маскав шахси номаълум дар миёни издиҳоми мардум ба синаи духтари ҷавон корд зада гурехтааст.
Бино ба маълумоти пулиси Маскав ҳодиса дар кўчаи Поляна соатхои 11-и ҳамин шаб рух додаст. Ба гуфтаи мақомот миёни ҷавони сиёҳсари қафақозиандом ва бонуи рус ҳамдигарнофаҳмӣ рух дода, дар натиҷа гўё ҷавони қафқозӣ ба синаи духтари 23- сола бо корд зарба задааст. Бар асари ҷароҳати бардошта ин духтар ҳангоми интиқол ба бемористон дар мошини ёрии таъҷилӣ фавтидааст.
Ва аммо шоҳидони дигари ҳодиса мегўянд, ин бону бо ҷавони русе якҷо аз тарабхона бадар шуда будааст ва ҳарду хам сархуш будаанд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон аз ҳолатҳои зиёди печонидани ҷиноятҳо ба мардуми сиёҳсари мусулмон аз сўи пулис изҳори нигаронӣ мекунанд.
Кароматулло Иброҳимов, як муҳоҷири тоҷик ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, борҳо шудааст, ки барои ҳодисаҳое, ки дар атрофи манзили иқоматашон сар задаст, дар шўъбаҳои пулис соатҳо ва ҳатто рўзҳоро паси сар карда, чанд ҷавони мусулмон барои гуноҳҳои нокардаашон ба кунҷи зиндон рафтаанд.{jathumbnail off}