Духтари хурдии президент хонаи 58 миллион долларӣ харид
Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, бо нархи 58 миллион доллар яке аз қимматарин хонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро харидорӣ кардааст.
Бино ба иттилои Real Estalker, ин қаср, ки аз он Le Palais ном мебаранду ҳудуди 48 000 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, дар шаҳри Беверли-Ҳиллзи Калифорнияи Амрико ҷойгир буда, соли гузашта 58 миллион доллар нархгузорӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин духтари 34-солаи раисиҷумҳури Узбакистон то ин дам бо Темур Тиллоев, шавҳар ва се фарзанди худ дар Beverly Park ба сар бурда, ҳаққи иҷораи моҳонаи хонае, ки дар он зиндагӣ менамуданд, 100 ҳазор долларро ташкил медодааст.
Қасри Le Palais бо сабку услуби фаронсавӣ ва фанновариҳои муосир бунёд ёфта, аз сӯи Муҳаммад Ҳадидӣ тарроҳӣ шудааст. Гуфта мешавад, Муҳаммад Ҳадидӣ тарроҳи машҳур дар аввал ин биноро барои худ бунёд карда, вале чанде баъд онро ба фурӯш гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта дар бораи харидорӣ шудани қасре дар Шветсария ба маблағи 41 миллион доллар аз тарафи ин духтари Ислом Каримов хабарҳо пахш шуда буданд. Лола Каримова, ки дар ватан фаъолиятҳои густардаи хайриявиро бар дӯш дораду дар сафҳаи фейсбуки худ дар ин бора менависад, шояд ба аксари амрикоиҳо чандон шинос набошад. Вале дар қатори хонаводаҳои сарватмандтарину дорои як зиндагии люкс маҳсуб меёбад.