Қарзи деҳқонони Хатлон афзоиш ёфтааст
Қарзи хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон дар назди корхонаи давлати хоҷагии об ба марзи 114 миллион сомонӣ наздик шудааст.
Тибқи иттилои масъулони ин корхона, аз оғози сол то ба имрӯз ҳамагӣ 15 дарсади маблағи ҳаққи истифода аз оби истифодашуда пардохт гардидааст. Таъхир дар пардохти ҳаққи истифодаи об боиси бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шудани идораи хоҷагии оби вилоят гардида, маблағи кофӣ барои пардохти андоз ва нерӯи барқи истифодашуда низ дар ихтиёри ин идора набудааст.