Тӯраҷонзода: "Мардум бояд тақдири кишвару ояндаи худро ба дасташ гирад"
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусулмонон ва собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, аз расонаҳои мустақил даъват кард, то дар арафаи интихобот мардумро ноумед насозанд. Оқои Тӯраҷонзода ин ҳарфҳоро дар нишасти дувуми Мушовараи васеъ дар мавзӯи ҳамкориҳои қишри гуногуни ҷомеа дар интихоботи президентӣ дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе баён дошт.
Ӯ гуфт, “бархе аз рӯзноманигорони ВАО-и мустақил, ки ормонҳои озодихоҳӣ доранду ормони дидани як ҷомеаи мардумсолорӣ дар кишварро доранд, ба ҷойи он ки мардумро умедвор кунанд, баръакс ноумед менамоянд. Онҳо мегӯянд, аҳзоби сиёсӣ барнома надоранд, то имрӯз коре анҷом надодаанд, байни мардум худро муаррифӣ накарданд, аз ин рӯ, онҳо ҳеч шансе надоранду фалонӣ дорад. Бояд гуфт, ин роҳи бедор кардан ва фаҳмонидани ҷомеа намебошад.”
Ба андешаи оқои Тӯраҷонзода, имрӯз замоне фаро расидааст, ки бояд мардумро барои гирифтани тақдири худ ба дасташ, бедор сохт: “Майдони сиёсат ҳамин мебошад, ки мо бояд ҷомеа ва мардумро бедор кунем, то тақдири кишвару ояндаи худро ба дасташ гирад.”
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ин нишаст изҳор кард, ки нияти иштирок дар интихоботи президентии моҳи ноябрро надорад ва аммо аз номзади ягонаи нерӯҳои демократӣ пуштибонӣ хоҳад кард. То ҳоло танҳо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, эълом карда, ки дар сурати ҳимоят ёфтанаш аз тарафи нерӯҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин интихобот ширкат хоҳад ҷуст.