Ҳамрохон Зарифӣ: Мо роҷеъ ба қазияи Искандаров кулли санадҳоро дар даст дорем
Масъалаи дурнамои муносибатҳо ва таҳкими он бо Афғонистон айни ҳол дар мадди аввал меистад.
Хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар, ки то соли 2014 гуфта мешавад, на ҳамаи онҳо аз Афғонистон берун мераванд, гуфт вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ. «Ба хотири таъмини амнияти Афғонистон як теъдоде аз неруҳои хориҷиён дар ин кишвар хоҳанд монд, илова кард Зарифӣ. Дар посух ба пурсиши хабарнигори «Озодагон» вазир гуфт, феълан шумораи маҳбусони тоҷик дар Афғонистон маълум нест ва дар ҳар шаш моҳ интиқоли маҳбусони ҷонибҳо ба кишварҳои худ сурат мегирад: «Мо роҷеъ ба қазияи Ширинбек Искандаров, ки дар маҳбасхонаи Афғонистон буд, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дорем ва дар ин хусус нотаи вазорати корҳои хориҷаро низ фиристодем ва аз натиҷааш шуморо огоҳ менамоем».{jathumbnail off}