Самиев ба наҷотдиҳандагони Хадичаи 4,5-сола ҷоиза дод
Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, барои наҷоти Хадичаи 4,5 сола ду сокини ин шаҳр, Улуғбек Тангриев ва Бибисоро Раҳматоваро бо ҳадяҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ кардааст.
Хадичаи 4,5-сола, сокини маҳаллаи Сарчашма, ахиран ба рӯди «Хонум» ғалтидааст ва об ин кӯдакро тақрибан як километр поён бурдааст.
Дар назди масҷиди маҳаллаи Ҷ. Абдуллоев ин кӯдакро сокини ҳамин маҳалла Улуғбек Тангриев наҷот додааст ва духтур Бибисоро Раҳматова саривақт ёрии аввали тиббиро расонда, Хадичаи хурдсолро дубора ба ҳаёт баргардондаанд.