Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҷои Никола Кавазович омад
Собиқ ҳамлагари дастаи овозадори “Помир”-и Душанбе барои се сол сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари маъруфи “Помир”-и Душанбе, дар ин мақом Никола Кавазович, мутахассиси сербро иваз кард. Оқои Кавазович дар пайи шикасти дастаи "Истиқлол" дар сабқат бо "Равшан"-и Кӯлоб, ки моҳи май дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор шуда буд, аз мақомаш барканор гардид.
Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, гуфт, рӯзи 2-юми дар ҳузури хабарнигорони ватаниву хориҷӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев бо Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордоди сесола бастааст.
Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 ба дунё омада, устоди варзиши СССр мебошад. Дар дастаҳои “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа (солҳои 1984-1985); “Помир”-и Душанбе (1985-1992), “Локомотив”-и Маскав (1992-1993), “Анкарагучу”-и Туркия (1993-1994), “Спартак”-и Маскав (1994-1995), “Локомотив”-и Нижний Новгород (1996-1997), “Аустрия”-и Вена (1997-1998), “Торпедо”-и Маскав (1998) ва дигар тимҳо бозӣ кардааст.