Шикасти амрикоиҳо ва унвони қаҳрамониро соҳиб шудани ҷопониҳо
Футболбоздухтарони дастаи мунтахаби Ҷопон дар сабқати ҷаҳонии футбол дастаи Амрикоро шикаст дода, унвони қаҳрамони чаҳонро сохиб шуданд.
Дар қисми аввали бозӣ дастаи Амрико тӯби нахустинро вориди дарвозаи Ҷопон карданд, аммо бозигардухтарони ҷопонӣ бо оромиву хунсардии худ тавонистанд ҳисобро баробар намоянд. Дар қисми аввали вақти иловагӣ ба амрикоиҳо муяассар гардид, то боз голи дигарро вориди дарвоза намуда, пешсафиро ба даст бигиранд ва аммо боз ҳам ҷопонидухтарон бо оромии доимии худ бо задани голи дигар бозиро ба задани силсилаи зарбаҳои 11 метрӣ кашониданд. Агарчанде ду қисми асосӣ ва ду қисми иловагӣ натавонист қаҳрамони чаҳонро миёни футболбоздухтарон муайян созад, дар задани зарбаҳои 11 метрӣ бозингардухтарони Ҷопон нисбат ба ҳамтоёни амрикоии худ бартарӣ нишон доданд ва дар ҳоле ки амрикоиҳо аз 4 зарба танҳо 1 тӯбро вориди дарвозаи Ҷопон намуданд, ҷопониҳо аз 4 зарба 3 голи бехато зада, бе задани зарбаҳои 5-ум қаҳрамони ҷаҳонро муайян карданд. Таъкид бояд кард, ки дарвозабони дастаи Ҷопон матонат нишон дода аз чор зарбаи задашудаи амрикоиҳо самти 2 зарбаро муайян кард ва онҳоро баргардонид.
Ҳамин тариқ, бо ҳисоби умумии 5 бар 3 дастаи мунтахаби Ҷопон сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи футбол миёни бонувон гардид.{jathumbnail off}