Курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирон
Дар шаҳри Маскав барои муҳоҷирони корӣ курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ таъсис дода шудааст.
Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Алишер Маданбеков, раҳбари ҷунбиши минтақавии муҳоҷирони кории қирғиз, иттилоъ додаанд, ки ин иқдом бо ташаббуси ин ҷунбиш ва ҳамдастии хадамоти муҳоҷирати федеролии шаҳри Маскав таъсис дода шудааст.
Ба гуфтаи Маданбеков, то кунун ба ин курсҳои омӯзишӣ танҳо муҳоҷирони меҳнатии қирғиз ҷалб шудаанд, вале муҳоҷирони кишварҳои дигар низ метавонанд иштирок кунанд. Раҳбари ҷунбиши минтақавии муҳоҷирони кории қирғиз мегӯяд, дарсҳои омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирон дар ин марказ дар ҳафта ду бор 4-соатӣ сурат гирифта, дар баробари забон, таъриху қонунгузории Русия низ омӯзонида мешавад.
Ӯ мегӯяд, дар оянда дар назар аст, ингуна марказҳои омӯзиши ройгон барои муҳоҷирони кории кишварҳои гуногун дар навоҳии дигари Русия низ таъсис дода шавад. Маврид ба зикр аст, ки дар робита ба сахттар намудани сиёсати муҳоҷирати меҳнатии Русия, қоидаҳои нави будубош барои ин қишр дар ин кишвар ҷорӣ карда мешавад, ки яке аз онҳо донистани забони русӣ мебошад.