Футболбозони ҷавони тоҷик дар ғалбери Сузуки
Чикаши Сузуки, мутахассиси ҷопонӣ, ки тими мунтахаби ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16)-ро тамрин медиҳад, ба интихоби ҳайати яккачин оғоз кардааст.
Тавре торнамои ФФТ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад, ин тамрину таълимҳо, ки то 7-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард, дар доираи омодагӣ ба даври интихобии мусобиқаи Осиё сурат мегирад.
Бино ба хабари манбаъ, сармуррабии тими ҷавонон ба ин тамринҳо 22 бозигарро дар ҳайати зер даъват кардааст: Дарвозабонҳо Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Беҳрӯз Хайриев («Норак»), ҳимоятгарон Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (МҶООВ), Муҳаммадҷон Ҳасан, Абубакр Азимов («Равшан»), Фирӯз Ризомов («Вахш»), Шоҳрух Қобилбеков («Пахтакор»-и Ҷаббор Расулов), нимҳимоятгарон Суҳроб Мӯъминов («Энергетик»), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов («Вахш»), Муҳаммад Шарипов, Эҳсони Панҷшанбе (МҶООВ), Сироҷиддин Гулмамадов («Норак»), Олим Назруллоев («Панҷшер»), Абдуҳаким Саидзода («Регар-ТадАЗ»), Саидҷон Шарипов («Эсхата»), ҳамлагарон Ҳаким Ҳасанов, Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков (МҶООВ), Ҳикматулло Муллодустов («Саройкамар»), Ҷамолиддин Акузиев («Регар-ТадАЗ»).
«Дар доираи ин тамринҳо мунтахаби ҷавонон ҳамарӯза дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ду машғулият мегузаронанд. Дар ин миён ду бозии санҷишӣ ҳам дар назар аст»,-менависад манбаъ.
Дар даври интихобии сабқати футболи Осиё (U-16) тими ҷавонони Тоҷикистон дар гуруҳи «А» бо дастаи Қувайт, Ҳиндустон, Лубнон ва Бутан вориди рақобат мешавад.