Бонки Миллӣ: “Раис дар ҷашни 60-солагияш кор карда буд”
Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, Абдуҷаббор Ширинов, раиси ин ниҳоди молиявӣ, ҷашни 60-солагияшро таҷлил накарда, балки машғули кор буд.
Онҳо ин ҳарфро дар посух ба матлаби ҳамкори “Озодагон” -- Ҷамила Мирбозхонова бо номи “Бемасъулиятӣ дар бонки масъулиятшинос” баён доштаанд. Дар ин матлаб гуфта мешуд, ки Алишер Солеҳов, раиси “Агроинвестбонк” ба далели иштирок дар ҷашни мавлуди Абдуҷаббор Ширинов, ки ба синни шаст расидааст, қабули муштариёнро дар рӯзи шанбе сарфи назар кардааст. Дар ҳоле ки бино ба амри раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони тамоми идораҳо муваззафанд, ки дар рӯзи шанбе сокинонро қабул ва арзу доди онҳоро бишнаванд.
Аммо дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон менависад: “Қабл аз ҳама бояд қайд намуд, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов на 22 июн, тавре дар мақолаи номбурда омадааст, балки 20 июни соли равон ба синни 60-солагӣ қадам ниҳоданд. Илова бар ин, 20 июн, яъне панҷшанбе ва чанд рӯзи пеш аз ин бо сафари муҳими корӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд.”
Дар идомаи ин нома гуфта шудааст, “дар мавриди он ки гӯиё рӯзи шанбе, 22 июни соли ҷорӣ, раиси Бонки Миллӣ Абдуҷаббор Ширинов тантанаи ҷашни мавлуд барпо намудаю меҳмонон барои табрикаш омада бошанд, танҳо ҳаминро иброз доштанием, ки он рӯзро ӯ дар дафтари кории худ барои ҳаллу фасли масъалаҳои бонкӣ сарф намуд. Таассуфовар он аст, ки ҳафтаномаи “Озодагон” маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро насанҷида ба нашр расонидааст, зеро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов умуман ҷашн ё тантанаи 60-солагиашро барпо накарда буд.”