Эълони раҳпаймоӣ алайҳи шиканҷа дар зиндонҳо
Наздикони як гуруҳ аз маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд, агар дархосташон ҷиҳати ба муҷозот кашидани масъулини латту кӯби зиндониён нодида гирифта шавад, ба роҳпаймоӣ даст мезананд.
Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Суннатулло Ризоев, мегӯяд, дар ин роҳпаймоӣ, ки аз ноҳияи Ҳисор то Душанбе тӯл хоҳад кашид, садҳо нафар ширкат мекунанд. Суннатулло Ризоев, яке аз маҳбусонест, ки охири соли гузашта аз Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфта буд. Ризоев яке аз шоҳидони латту кӯби Ҳамза Икромзода дониста мешавад, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари шиканҷа дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтидааст.
Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, низ гуфт, тасмимашон дар мавриди роҳпаймоӣ қатъист. Ӯ мегӯяд, мактубҳои зиёдашон ба унвони мақомот барои ба муҷозот кашидани омилони марги писараш беҷавоб мондаанд, аз ин рӯ роҳи ягонаро дар роҳпаймоӣ мебинанд.
Маҳмурод Одинаев ва Зулайхо Ҷӯраева дар мавриди тасмимашон барои роҳпаймоӣ дар иқдоме зери унвони «Нест бод шиканҷа» баён доштанд, ки ба хотири Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти Тоҷикистон» ва Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон -- Amnesty International дар шаҳри Душанбе созмон ёфт. Дар доираи ин иқдом намоишгоҳи аксҳо доир шуд.
Наргис Зокирова, раҳбари «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти Тоҷикистон» ба “Озодагон” гуфт, “дар намоишгоҳ 9 саргузашти воқеӣ пешниҳод шуда, асоси 6 саргузаштро парвандаҳои пурсарусадои Ҳамзаалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил медиҳад, ки зимни боздошт ё дар маҳбас ба ҳалокат расиданд.” Се саргузашти дигарро ба гуфтаи ӯ шарикони Идора аз Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ирсол доштанд, ки қазияҳои мушобеҳро инъикос месозанд.
“Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизориҳои зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ гиранд”,-афзуд Зокирова.
Бахши дигари иқдомот аз муаррифии китоби мустанади «Тақдирҳои шикаста, зиндагиҳои рабуда» иборат буд, ки дар бораи 8 қазияи воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ҳикоят мекунад. “Китоб фарогири хотираҳои хешовандони қурбониён дар бораи писар ё шавҳарашон мебошад, ки мавриди зӯроварию худсарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтаанд. Маҷмӯаи мазкур ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст”, мегӯяд Наргис Ҳамробоева, муаллифи он.
Ёдовар мешавем, ҳамасола 26-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа доир мешавад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ таъсис шудааст. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.