Ҳушдори “Мовароуннаҳр” ба бонки Ҳасан Асадуллозода
Ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” мегӯяд, алайҳи “Ориёнбонк” ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят хоҳад бурд, агар ин бонк барои рӯёнидани наздики панҷ миллион сомонӣ аз ин ширкати сохтмонӣ пофишорӣ кунад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони ширкати “Мовароуннаҳр” хабар дода, афзуд, 26-уми июн бояд посухи расмии "Ориёнбонк"-ро дарёфт кунанд. Қаблан Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», бо ирсоли як нома гуфтааст, «Мовароуннаҳр» аз ин бонк наздики 5 миллион сомонӣ қарздор мебошад ва то ин қарз пардохт нашавад, биноҳои дар гаравмонда ба муштариён бозгардонда нахоҳанд шуд.
Аммо Бузургмеҳр Ёров таъкид мекунад, ки “аз рӯи ҳисобу китоби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ширкати «Мовароуннаҳр» аз “Ориёнбонк” ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор аст, на панҷ миллион сомонӣ.”
Ёров дар мавриди афзудани қарзҳо аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани қарз афзуд, “қонунгузорӣ мегӯяд, агар ягон шароити ногувор ба вуҷуд биёяд, пас, дар ин ҳолат тарафҳо аз уҳдадорӣ озод карда мешаванд. Ин аст, ки “Ориёнбонк” нисбати “Мовароуннаҳр” набояд ҷаримаю фоизбандӣ татбиқ намояд. Ба ҳама маълум аст, ки муддати се сол ҳамаи амволи "Мовароуннаҳр аз тарафи мақомоти қудратӣ ба ҳабс гирифта шуда буд ва имкони фаъолият кардан надошт.”
Ба суоли “Озодагон”, ки оё “Мовароуннаҳр” айни ҳол тавони пардохти ҳудуди 2,4 миллион сомониро дорад, Бузургмеҳр Ёров посух гуфт, ки “бале, чун саҳмдорони ширкат рӯз ба рӯз зиёд шудаанд. Аммо зарур аст, ки ҳама чиз дар доираи қонун ва адолат сурат гирад.”
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.
Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.