Дар пасманзари тавофуқоти ҳудуди даҳ созмонҳои эҷодию илмии Тоҷикистон, аз ҷумла Иттифоқи адибон ва Академияи илмҳо барои ба додгоҳ кашидани муҳаррири «Азия плюс» Олга Тутубалина, “Озодагон” суолг гузошт, ки “чаро зиёиёни тоҷик якбора муттаҳид шуданд?”
Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон:
Вақте як бевиҷдон ... моро наҷосат мегӯяд, чаро мо бояд хомӯш нишинем? Вақте, ки мавзӯҳои умумӣ мешавад, ки мо ба ҳамон андешаҳои хабарнигорон ҷонибдорем. Чаро мо дар ҳар маврид ҷавоб намефиристем? Чунки аксари андешаҳо дар ҳафтаномаҳо бамаврид ҳастанд. Имрӯзҳо дар баробари нашрияҳои давлатӣ, рӯзномаҳои хусусӣ низ фикрҳои хубро мунташир мекунанд, барои беҳбудии ҷомеа. Вақте вазирро барои аз ӯҳдаи кораш набаромадан интиқод мегиранд, мо бар зидди онҳо ба ҷӯш намеоем. Вале вақте зиёиро ҳар гап мегӯянд, мо набояд таҳаммул кунем. Агар ин суханони муҳаррири “Азия плюс” (Олга Тутубалина) дар кадом як давлати дигар садо медод, ӯро пӯст меканданд. Дар бораи фасод, дуздӣ, мушкилоти дигар менависанд, мо тарафдорем. Лекин набояд ба таҳқир гузашт, ки бо ин кор хабарнигор зиёии имрӯзу дирӯзро гуфтааст. Ҳоло ӯ худ шахсан (Олга Тутубалина) ба нохуни зиёии пешқадами тоҷик мерасад ё на? Пурсиши мо ин аст.
Темур Варқӣ, адиби русзабон:
Зиёии ҳар кишвар –виҷдони миллат мебошад. Баъзан, тавре мо аз таҷриба ва таърихи худ медонем, ин виҷдон ба хоби ноз рафтааст. Вале баъзан бедор мешавад. Замоне расидааст, ки ӯро барои бедоршавӣ маҷбур мекунанд. Замоне расидааст, ки дар шароити таҳқири ҳамарӯзаи инсон дар кишвар ва хориҷ аз он бояд эҳтироми худро донист. Замоне расид ва бояд дақиқ кард, то ба кадом гурӯҳи зиёиён ворид мешавӣ: он гурӯҳе ки Ленин ӯро наҷосат ном гирифт, ё он гурӯҳи зиёиёне, ки зеҳн ва қалби миллат ҳастанд. Агар гурӯҳе худро ба наҷосати миллат ворид кардаанд, ин интихоби онҳост. Бигзор мардум бидонад, то кӣ кӣ ҳаст. Мушоҳида мешавад, ки барои ҳукумат роҳаттар аст, то бо гурӯҳи мазкур кор дошта бошад.
Қурбони Собир, ҳунарманд:
Ростӣ, зиёиёни мо имрӯз мисли асирафтодагон дар як киштӣ ҳастанд. Хомӯшанд, лоланд, ки набояд чунин бошад. Дар баъзе ҳолат ҳарос аз он вуҷуд дорад, ки ба ибораи мардумӣ “салларо биёр гуӣ, каларо наёранд”. Мо аз ҷумлаи касоне ҳастем, ки бояд асаре биофарем. Аммо баъзан ба он асар маънии дигар ворид мекунанд, ҳадафҳои шахсиашон ворид мешавад. Мо якчӣ мегӯем, чизи дигар ба вуҷуд меояд. Аз ҳамин хотир бисёр ҳунармандон хомӯшанд. Аммо ин хомӯшӣ, хомӯшии пеш аз тӯфон аст. Бовар надорам, ки мардуми зиёӣ муттаҳам бошад, онҳо андешаҳои зиёде бар сар доранд. Он муборизаҳое, ки дар солҳои 80-ум буд, дигар нест, он замон ин мардум хеле фаъол буданд, ҳоло ҳам фаъоланд, вале хомӯш. Чун мебинад, ки кор ҷойи дигар меравад. Шояд сабаб ҳамин аст, ки як шарорае кофӣ бошад, то алангае ба вуҷуд ояд. Ҳама аз чизе нигарону дар ҳаросанд, то дигарон мақсадашонро иштибоҳ дарк накунанд. Ёдам як асаре омад (Хонасӯзон), ки шодравон Фаррух Қосим рӯйи саҳна оварда буданд. Асари мазкур аз шеъри аллома Иқбол оғоз мешуд, “Аз хоби гарон хез”. Он замон солҳои 1987-89 буд, ҳанӯз коре нашуда буд, вале шодравон Фаррух Қосим бисёр огоҳона ва дурбинона асарро рӯйи саҳна оварда буданд. Яъне кори зиёӣ ҳамин аст, бояд ақлҳоро бедор кунад, на ҷаҳлро.
Баҳси зиёиён бо Тутубалина дар пайи нашри матлабе бо унвони «Неинтеллигентно об интеллигенции» сар зад, ки хабарнигор дар ин матлаб сухани Ленинро иқтибос оварда гуфтааст, «зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд». Ин иқтибоси овардаи Тутубалина, ки ба гуфтаи худаш дар мавриди бисёре аз зиёиёни тоҷик дуруст аст, намояндагони ин табақаро ба шӯр овардааст.