Амалиёти махсуси пулис алайҳи “ғалоғула” дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади таъмини оромӣ дар Душанбе аз 25-уми июн то 5-уми июл амалиёти махсус алайҳи шӯру ғавғо, таҳти унвони «Садо» роҳандозӣ мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, мақсад аз амалиёт пешгирии истифодаи таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, махсусан аз ҷониби ҷавонон дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе аст, ки боиси норозигии шаҳрвандон ва халалдор гаштани оромӣ мегардад.
Вазорати умури дохилӣ бо мақсади таъсирбахш гузаронидани амалиёт аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани истифодабарии ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садодиҳанда дар воситаҳои нақлиёт ва садо додани овози гушхарош дар назди даҳлезҳои биноҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ бо телефонҳои боварии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе: 221-00-46, 221-00-16, дар тамос шаванд.