Баҳси истироҳат дар Саудӣ: панҷшанбе-ҷумъа ё ҷумъа-шанбе?
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рӯзҳои истироҳатии охири ҳафтаи худро тағйир додааст.
Тавре расонаҳои расмии ин кишвар иттилоъ медиҳанд, Абдуллоҳ ибн Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ бо судури фармоне рӯзҳои истироҳатии охири ҳафтаи кишварашро аз рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа ба рӯзи ҷумъа ва шанбе гузоштааст.
Манбаъ мегӯяд, ин иқдом ба хотири тавофуқи корӣ миёни ширкатҳои дохилии ин кишвар ва хориҷию минтақавӣ гирифта шудааст. Зеро ҳукуматдорони Саудӣ мегӯянд, бархе аз ширкатҳо ба хотири мухолифат доштани рӯзҳои истироҳатии охири ҳафта тақрибан 4 рӯз дар мавриди додугирифт бо ҳамтоёни хориҷии худ бо мушкилот рӯбарӯянд, ки он хисороти зиёде дар пай дорад.
Бар асоси ин дастури Абдуллоҳ ибн Абдулазиз минбаъд рӯзҳои кории ҳафта дар тамоми муассисаву вазоратхонаҳои Арабистони Саудӣ аз рӯзи якшанбе то рӯзи панҷшанбе маҳсуб меёбад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз рӯҳониёни ин кишвар норозигии худро нисбат ба ин иқдоми шоҳ эътироз эълон кардаанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, рӯзи шанбе рӯзи истироҳатии яҳудиён мебошад.