Дахолати СБМ ба саргардонии тоҷикон дар “Эйр Астана”
Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) мегӯяд, ширкати ҳавоии «Эйр Астана» ба шаҳрвандони тоҷик бидуни шиносномаи хориҷӣ чипта фурӯхта, муъҷиби хароҷоту саргардониҳои зиёди тоҷикон мегардад.
Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Душанбе аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана»-и Қазоқистон муроҷиат намоянд, то минбаъд ба тоҷикон бидуни шиносномаи хориҷӣ чипта нафурӯшад.
Тавре аз хадамоти мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ин хоҳиши СБМ дар пайи ихроҷи чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки бе шиносномаи хориҷӣ тавассути Қазоқистон хоҳиши сафар ба Русияро доштанд, сурат гирифтааст.
Сафари бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистон бидуни шиносномаи хориҷӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки аз соли 2006 инҷониб сафар кардан бо шиносномаҳои дохилӣ ба Қазоқистон тибқи қонунгузории ин кишвар манъ карда шудааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин Хадамоти муҳоҷират ба диққати тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ҳангоми хариди чипта аз ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» бо мақсади сафар намудан ба Қазоқистон ё тавассути ин кишвар ба Русия, ҳатман аз шиносномаҳои хориҷӣ истифода намоянд.
Қазоқистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирини тоҷик баъд аз Русия дар ҷои дуввум меистад.