Эшони Нуриддин: Онҳое, ки рӯза дошта наметавонад бояд 300 сомонӣ диҳанд
Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон фатво додааст, нафароне, ки аз сабаби беморӣ рӯза дошта наметавонанд, бояд ҳар рӯзи рамазон ба як мискин таъом, ё маблағи онро диҳанд: “Масалан моҳи рамазон 30 рӯз бошад, онҳо дар як рӯз ба 30 мискин таъом диҳанд, ё ба 1 мискин 30 рӯз таъом диҳанд. Инчунин ихтиёр доранд маблағи таъомро ба як хонадони камбағал пеш аз иди рамазон диҳанд (миқдори таъоми як мискин 10 сомонӣ аст, яне онҳо ҳамаша ҳисоб карда 300 сомонӣ диҳанд).”
Эшони Нуриддин дар посух ба суоли яке аз хонандаҳои торнамо ё сайти хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо -- turajon.org афзудааст, “барои нафароне, ки каме беморанду рӯза ба саломатияшон зарар надорад, рӯзадорӣ барояшон фарз мебошад. Аммо агар дар аснои рӯзадорӣ саломатияшон нохуб гардад, пас онҳо рӯзаро хӯранд ва дар рӯзҳои кӯтоҳи зимистон қазо доранд. Агар дар рӯзҳои кӯтоҳи зимистон низ натавонистанд, рӯза гиранд, пас маълум мешавад онҳо маъзуранд ва барои ҳар як рӯзи Рамазон бояд ба як мискин таъом диҳанд”.
Интизор меравад моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл фаро расад.