Маркази қонунгузории назди президент дар бораи сайтбандиҳо
Умрилло Меликов, масъули Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, барои бастани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон муқаррароту санадҳои қонунӣ вуҷуд надоранд.
Умрилло Меликов рӯзи 24-уми июн дар ҳошияи муаррифии тарҳи лоиҳаи «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» (эТИКет) дар шаҳри Душанбе ба суоли “Озодагон” дар мавриди масдудияти сомонаю шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла «Youtube» посух дод, ки «дар ҷомеаи мо дар ин масъала «пробел», яъне холигӣ аст. Ба ҳамин маъно холигӣ, ки тартиби ҳалли ҳамин масъаларо мо тӯли чанд вақт пайгирӣ намуда истодаем. Омӯхта истодаем, ки таҷрибаи кадом як давлатҳои пешқадамро дар мавриди ҳалли чунин қазияҳо мавриди истифода қарор диҳем».
Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет зимни муаррифии лоиҳаи «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» изҳор дошт, ки “ҳоло камбудиҳои зиёд дар татбиқи озодии баён дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Худи ҳамон баста-бастанҳо ғайриқонуниянд. Чӣ қадаре, ки гуфта истодаем, ягон чорае андешида намешавад».
Номбурда ба ишора ба пешнависи тарҳи «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» илова кард, ки сабаби асосии пеш омадани ҳамин ташаббус, аз 27-уми декабри соли 2012 расман эълон шуда буд. Ин танҳо лоиҳа аст ва қабул шуданаш ҳам маълум нест. Таҳиякунандаҳои тарҳи ин одобнома мегӯянд, меъёрҳои он ҳам дар муошират бо телефони ҳамроҳ ва ҳам дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет татбиқ мегарданду характери тавсиявӣ доранд, на чизе бештар аз он.
Айни ҳол тарҳи ибтидоии Одобномаи корбарони Интернет ё Одобномаи шаҳрванди электронӣ барои муҳокимаи корбарони Интернет пешниҳод шудааст. Шакли кӯтоҳшудаи номи санади мазкур эТИКет буда, аз калимаи «мобикэт», «нетикэт» таркиб ёфтааст, ки дар маҷмӯъ одоб ё этикети дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ (ТИК)-ро ифода менамоянд.