Клубҳои Русия ба ду футболбози тоҷик таваҷҷуҳ кардаанд
Нуриддин Давронов ва Ҷаҳонгир Ҷалилов, ду нимҳимоятгарони тими миллии Тоҷикистонро бо эҳтимоли қавӣ клубҳои Русия ба ҳайати худ даъват мекунанд.
Торнамои ФФТ, Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, ки ба Нуриддин Давронов бошгоҳи футболи «Уфа» таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ин клубро Игор Коливанов, бозингари пешини мунтахаби Русия раҳбарӣ мекунад.
Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон аллакай дар ду бозии санҷишии «Уфа» ширкат кардааст. Дар дидори аввал «Уфа» бо тими «Долгопрудний» (0:1) ва дар бозии дуюм бо «Торпедо» (4:3) вориди рақобат шудааст. «Дар ҳар дуи ин бозиҳо Давронов дар ҳайати асосӣ ба майдон баромада ва дар ҷараёни дидор иваз карда шуд»,-навиштааст манбаъ.
Ҷаҳонгир Ҷалилов, нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанберо бошад, «Нефтехимик»-и Нижнекамск "меомӯзад". Дар ин клуб бародарони ӯ Алишер ва Манучеҳр Ҷалиловҳо низ бозӣ мекунанд.
Дар дидори санҷишии «Нефтехимик» ва тими мунтахаби донишҷӯёни Ҷопон футболбози тоҷик дар ҳайати аввалия вориди майдон шуд ва то охири қисмати аввал бозӣ кард.
Акс аз торнамои ФФТ