Шаҳрванди тоҷик гуфтааст, дар куштори Любашенко даст надорад
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳуввияти шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми куштори Дмитрий Любашенко, тарроҳ ё ороишгари машҳури Русия барои 1,5 моҳ боздошт шудааст, муайян намудааст.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, боздоштшуда Муҳсин Раҳимови 21 сола мебошад ва айни ҳол таҳқиқи парванда алайҳи ӯ идома дорад.
Муҳаммад Эгамзод афзуд, ки баъди дарёфти ҷавоби мақомоти рус ба дархосташон намояндаи Тоҷикистон бо Муҳсин Раҳимов мулоқот хоҳад кард. Сафорати Тоҷикистон бо такя ба иттилои расида мегӯяд, шаҳрванди боздоштшудаи тоҷик иттиҳомоти пешгузоштаи мақомоти русро рад кардааст ва гуфтааст, ки боре кушташударо надидааст ва намешиносад.
Ҷасади тарроҳи машҳури 39-солаи рус 4-уми июн дар хонааш дар шаҳри Маскав дарёфт шудааст. Ӯ бар асари зарбаи корд ба қалбаш ба ҳалокат расидааст.