Ошноии сарбозони қирғиз бо асосҳои шариати Ислом
Қирғизистон мехоҳад, афсару сарбозони худро бо дини Ислом, ба вижа шариат ва ҷомеаи исломӣ бештар ошно созад.
Дафтари матбуоти Вазорати дифои Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 24-уми июн барои сарбозу афсарони қирғиз китоби “Асосҳои назариявӣ ва амалӣ барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи мусалмон” рӯнамоӣ гардид.
Ба иттилои манбаъ, ин китоб, ки дар он маълумоти ибтидоӣ оид ба дини Ислом ва ҷомеаи исломӣ оварда шудааст, аз ҷониби Қодир Моликов, раҳбари як маркази таҳлилии мустақил -- “Дин, ҳуқуқ ва сиёсат” ба нашр расидааст. Муаллиф дар ин асари худ кӯшидааст, ҷанбаҳои асосии Ислом, бахусус илоҳиёт, сиёсӣ ва ахлоқиро гирдиҳам оварад.
Инчунин Моликов дар ин китоби худ пешниҳод намудааст, ки бояд ба дониши маънавии сарбозу афсарони низомӣ ва кормандони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи бештар дода, барои сарбозони низомӣ як имомеро интихоб кард, ки бо омӯзиш ва тарбияти идеологии онҳо машғул бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин амал метавонад, мизони гароиш ба гуруҳҳои ғайрисуннатӣ ва бегонаро миёни ин қишри ҷомеаи қирғиз коҳиш диҳад.