Як амали террористӣ дар Афғонистон бойиси марги ду тан аз наздикони президент Ҳомид Карзай гардид.
Тибқи иттиллои расонаҳои хориҷӣ, ҳамлаи мусаллаҳона ба манзили Ҷонмуҳаммад Хон дар маҳаллаи Корти Чори Кобул ин волии собиқи вилояти Урузгон ва мушовири аршади раисиҷумҳур ва меҳмони ӯ – вакили вулуси Ҷирга Муҳаммадҳошим Ватанволро кушта ба ҷо гузошт. Вазорати умури дохилаи Афғонистон аз нақли Сиддиқи Сиддиқӣ, сухангӯи ин вазорат ахиран эълом дошт, ки ҳамлагарон 2 нафар буданд, ки якеаш кушта шуда, дуввумӣ ҳанӯз ба муқовимат идома медиҳад. Куштори Ҷонмуҳаммад Хон ва Муҳаммадҳошим Ватанвол 6 рӯз баъд аз қатли Аҳмадвалӣ Карзай, бародари ӯгайи Ҳомид Карзай дар Қандаҳор ва дар рӯзи нахустини шурӯъи раванди таҳвили масъулияти таъмини амният аз НАТО ба нирӯҳои афғон рух дод. Ин раванд дирӯз аз Бомиён оғоз ёфта, то поёни соли 2014 давом хоҳад кард. Ҳамакнун, сару садоҳо дар атрофи он ки гӯё бо ихроҷи нерӯҳои эътилофӣ вазъи Афғонистон боз ҳам ваҳимтар мегардад, баланд шуда истодааст.{jathumbnail off}