Интихоботи бидуни интихоб?
Дуруд, хонанда!
Ин навбат дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бароят қисса мекунам.
Як ибора дар мағзи сарам лона кардааст, ки онро гоҳо беихтиёр ва гоҳо ихтиёран такрор мекунам: “Лаънат бар ин замона бод, ки маро олудаи сиёсат гардонд!”
Ҳар шаб, пеш аз хоб, дар бораи иштибоҳҳо ва комёбиҳои рӯзи сипаришуда меандешам. Гоҳо асабиву ором мешавам ва гоҳе худро сарзаниш мекунам. Аммо чун субҳ мерасад, танам боз ба сӯзиш медарояд...
Охир, чаро бояд хомӯш бошам? О, магар шаҳрванди соҳибҳуқуқи ин сарзамин нестам? Ё инҷо чӣ кор мекунам? “Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?”
Мардҳо ҳама аз дасти ноадолатиҳои замон меноланд, аммо мардона иқрор намешаванд, ки дар ин ноадолатиҳо онҳо ҳам гунаҳкоранд. Ба ҷои нолидан, ҳадди ақал зиндагии худатро ба қадри тавонат обод кун, азизи ман. Барои тарбияи фарзанд вақт надорӣ, барои навозиши зани ҳалоли худат вақт надорӣ, барои як табассуми умедбахш (бигзор даруни он садҳо дард нуҳуфта бошанд) қувват надорӣ, аммо дар нолидан устод шудаӣ. Хуш бар ҳолат, агар чунинӣ. Хайр, ин ҳамту барои хор задан бо торҳои асаби Шумо буд, азизони дилу дида. Ман ҳам яке аз шумоям.“Агар мардам, аз номардӣ нагирям”,-мегӯяд шоир.
Сӯҳбати мо дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ буд. Бале интихобот, интихоботи шаффоф.
Интихобот чист? Аз чанд нафари сазовор сазовортаринро интихоб намудан! Аммо мо ҳанӯз намедонем, ба ҷуз раисҷумҳури кунунӣ дигар ба кӣ овоз диҳем.
Агар ин интихобот мисли инитихоботҳои қаблӣ бигзарад, пас аз роҳбарияти ҳукумат бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунам, ки лутф кунанду интихобот баргузор накунанд. Ба ҳама маълум аст, ки кӣ хӯҷаин аст дар мулки мо. Барои кӣ лозим ин ҳама худферибиҳои шаффофияти интихобот ва хароҷоти зиёди он?
Ҳукумат худаш аз мо ҳам хубтар медонад, ки интихоботи шаффоф ба касе лозим нест. Магар интихобкунанда дардҳои кашидаашро аз бебарқӣ фаромӯш хоҳад кард? Магар интихобкунанда, ки ӯро бародараш ё падараш дар Русия асту харҷи зиндагии ӯро бар дӯш дорад ва баъзан қурбон мешавад, овозашро боз ба кӣ хоҳад дод? Магар интихобкунанда, ки барои роҳҳои ватани худашро убур кардан пул медиҳад, аз кӣ пуштибонӣ хоҳад кард?
Магар ин ҳукумат ба интихобкунанда, ҷуз ваъдаҳо дар бораи мисли афсона зиндагӣ кардан чизи дигаре дод? Агар шароит дод, магар он шароит барои асри 21 басанда аст?
Ҳамин аст, интихоботи мо? Ҳамин аст, интихоботи шаффоф?! Ё ман инҷо чӣ кор мекунам? “Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?”
Халил ҚАЮМЗОД