Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, сафари ахири ӯ ба Узбакистон сарусадоҳоеро ба миён овардааст, ки аслан поя надоранд. Хабарнигори “Озодагон” бо оқои Зоиров дар робита ба сафари ахираш ба Узбакистон ва посухҳои ӯ ба суоли корбарони шабакаи “Одноклассники” дар бораи номзадияш дар интихоботи президентӣ сӯҳбати кӯтоҳе дошт, ки пешкаши Шумо мешавад.
Озодагон: Ҳадаф аз ин сафаратон ба Узбакистон чӣ буд? Шумо пештар гуфтед, барои дидорбинии хоҳарбузургатон меравед, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук чизи дигар мегӯянд...
Зоиров: “Қаблан ҳам гуфта будам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки ҳадафи ба Узбакистон рафтани ман фақат дидорбинӣ ва аёдати хешовандон буд. Чанд вақт боз хоҳарбузургам бемор буданд ва он касро надида будам.”
Озодагон: Мегӯянд, сафари Шумо ба Узбакистон ногаҳонӣ ва ғайримунтазира буд, алалхусус дар ҳамин шабу рӯз...
Зоиров: “Оё ман ногаҳон рафтам? Дар мавриди сафари ман, ҳама аз ҷумла Шӯрои сиёсии ҲСДТ, аъзои раёсат иттилоъ доштанд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ дар ҷараён буд. Ман инро махфӣ нигоҳ надошта, ба ҳама хабар дода будам. Вақте ки рафтам, мақомот ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро аз назар гузаронида, баъд равон карданд. Рӯзе, ки баргаштам, маро дар марз намояндагони Кумитаи амният пешвоз гирифтанд. Баъд аз омаданам бо онҳо тақрибан 2,5 соат сӯҳбат кардам. Он масъалае, ки ман ба Узбакистон меравам, аллакай аз 25-уми май ният доштам ва 12-уми июн рафтам. Раводидро бошад, 31-уми май гирифта будам. Яъне, 17-рӯз пеш маълум буд, ки ман меравам. Ман ба шаҳри Тошканд ворид нашуда, ба ноҳияи Бӯстонрез, қариб 150 километр дуртар аз он ҷо, рафтам. Танҳо рӯзи 21-ум ба Тошканд баргаштам. Ҳамон рӯз рост ба сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон даромада, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда, ба Душанбе баргаштам.”
Озодагон: Дар “Одноклассники” чанд рӯз пеш суолу ҷавоби Шумо дар мавриди ширкататон дар интихоботи президентии имсола ба нашр расид. Ин ҳақиқат дорад, ки Шумо дар интихобот ба ҳайси номзад иштирок мекунед?
Зоиров: “Бо корбарони “Одноклассники” сӯҳбат доштам ва ба суоли онҳо ҷавоб гуфта будам. Бояд гуфт, дар он ҷо тақрибан 70 савол буд, аз ҳамон суолҳо танҳо 4-тоаш ба интихоботи президентӣ рабт дошт, яъне мепурсиданд, ки номзадиатонро пешниҳод мекунед, ё не? Ман ҷавоб гардондам, ки “ҳа, номзадиамро пешниҳод мекунам. Мехоҳам, ки номзад на танҳо аз ҳизбҳои мухолиф, умуман аз кулли нерӯҳои демократӣ бошам”. Аммо дишаб омада хондам, ки онро ба тарзи дигар чоп кардаанд. Ба ин саволҳо ман 11-уми июн ба шабакаи “Однокласники” қабл аз рафтанам ба Узбакистон ҷавоб гардонда будам. Модераторони ин шабака суолҳоро ҷамъ карда, ба ман фиристода буданд ва ман тавассути почта ба онҳо ҷавоб гардондам. Суоле, ки ҷавобаш дар шабакаи мазкур ва аз номи ман паҳн гардид, бо номи “Гражданин свой страны” бо матни “Шумо номзадии худатонро ба интихоботи президентӣ мегузоред?” омада буд. Ман ҷавоб гардонда будам, ки “Гражданин свой страны” ман ҳам мисли ту, шаҳрванди кишвари худ мебошам ва дар ин интихобот иштирок мекунам. Аввал ин ки инро ман дар Узбакистон накардам, дар он ҷо имконияти изҳорот кардан ҳам набуд. Ман ба дигар масъалаҳо машғул будам.”
Озодагон: Сарусадо ҳаст, ки Шумо бо ашхоси баландпояи Узбакистон мулоқот доштаед?
Зоиров: “Агар ягон кас гуфта бошад, ки ман бо мақомоти баландпояи Узбакистон ягон вохӯрии махфӣ карда бошам, иштибоҳ мекунад ва дурӯғ мегӯяд. Ман шаффофии фаъолияти худ ва рафтуомадамро таъмин кардам. Ин хел чизҳо (овозаву сару садо)-ро мехонӣ, ҳайрон мешавӣ.”