Давлатманд дар Эрон; фалак ва ситоиш аз интихоботи президентӣ
Давлатманд Холов, фалаксарои маъруфи тоҷик, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи мусиқии "Овои меҳрубон" барномаи консертиеро дар Эрон баргузор кардааст.
Ба иттилои хабаргузории “Меҳр”, дар ин барнома сарояндаи машҳури тоҷик бахшида ба бузургдошти устод Ҷалили Шаҳноз чанд таронаи худ, аз ҷумла "Бӯйи Ҷӯйи Мулиён", "Ошноӣ", "Хандаи осмоннигар" ва "Ҳамнавозӣ"-ро хондааст.
Дар ин чорабинӣ, ки Давлаталӣ Ҳотамов, сафири Тоҷикистон дар Эрон, низ ҳузур доштааст, аз саҳми бунёди фарҳангӣ-ҳунарии Рӯдакӣ дар баргузории ин консерт қадрдонӣ карда, гуфтааст: “Қабл аз ин ки ба суроғи барномаи имшаб биравам, лозим аст ба мардуми сарбаланди Эрон дар пирӯзии бузург, ки ба муносибати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба даст оварданд, табрик бигӯям. Мардуми Эрон бори дигар ба тамоми дунё нишон доданд, ки сазовори ҳар гуна қадр ва эҳтиром ҳастанд.”
Ҳотамов бо ишора ба ҳузури Давлатманд Холов дар ин консерт ва хотироти зиёди мардуми эронӣ аз оҳанги "Дур машав"-и ӯ афзудааст: “Давлатманд Холов сарояндаи навъи мусиқии фалак мебошад ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ба ин навъи мусиқии қадимӣ алоқамандии зиёде дорад. Аз ин рӯ, ӯ дар тӯли ин солҳо бо ҳимояти гуруҳҳои мусиқии Тоҷикистон академияҳои мухталиферо дар ҳавзаи фалак, ба хусус Академияи гуруҳи Давлатманд Холов таъсис додааст ва ман аз ин фурсат истифода карда, аз ҳамаи ҳунармандони ҳаводор даъват мекунам, ба ин академия ба Тоҷикистон ташриф оранд ва мо омодаи ҳамагуна ҳамкорӣ мебошем.”