Домулло Сироҷиддин "барои рафтори хубаш" озод шуд
Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин, ки се соли қабл ба ҷурми салафигароӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, аз боздошт раҳо шудааст. Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, домулло Сироҷиддин субҳи 24-уми июни соли ҷорӣ аз боздошт раҳо шуда, ба манзилаш рафтааст.
Оқои Одинаев афзуд, “домулло Сироҷиддин аз рӯи рафтори намунавияш аз зиндон озод шуд. Дар зиндонҳо ба маҳбусон чунин имтиёзҳо дода мешавад, ки агар рафтори намунавӣ дошта бошанд, муҳлати нигаҳдорияшон кам карда мешавад. Ӯ барои рафтори намунавияш пеш аз муҳлат аз зиндон озод гардид.”
Домулло Сироҷиддин моҳи январи соли 2010 ҳамроҳ бо ҳафт нафари дигар, ки дар миёнашон писараш Киромиддин Абдураҳмонов низ буд, ба ҷурми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи Салафия ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Сино гуфта буд, домулло Сироҷиддин ва ҳамроҳонаш бо баланд гуфтани омину рафъи ядайн (боло кардани дастҳо) миёни мусалмонон тафриқа андохтаанд.
Пайравони Салафия тақрибан соли 2005 дар масҷидҳои Тоҷикистон пайдо шуда, бо рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ бештар рӯи масоиле мисли баланд гуфтани омину хондани рафъи ядайн баҳс доштанд. Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз ҳузури ин гуруҳро безарар дониста, сипас, дар соли 2009 онро як ҷараёни мазҳабии мамнӯъ эълон карданд.
Домулло Сироҷиддин 47 сол дорад ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. То соли 2009, замони боздошташ, дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи “Зарафшон”-и Душанбе ба ҳайси имом фаъолият мекардааст.