“Сомон Эйр” муштариёнашро 12 соат саргардон кардааст
“Сомон Эйр” парвози як ҳавопаймояшро аз Хуҷанд ба Душанбе барои 12 соат ба таъхир гузошта, барои муштариёнаш мушкилотро ба бор овардааст.
Бархе аз мусофирон субҳи 24-уми июн ба “Озодагон” тамос гирифта, иттилоъ доданд, ки парвоз бе огоҳии пешакӣ аз соати 8:00-и субҳ ба 20:00–и шом гузошта шудааст. "Ин боиси саргардониҳои мо, аз ҷумла модароне, ки бо кӯдаконашон омадаанд, дар фурудгоҳ гардидааст",-афзуданд мусофирон.
Дар баробари ин, Зебоҷон Қурбонова, яке аз муштариёни норозии “Сомон Эйр” таъкид кард, таъхиркориҳои ин ширкат боиси аз кор дер мондани чандин мусофир гардидааст. Қурбонова илова намуд, ки танҳо баъд аз саргардониҳои чандсоата, намояндаи “Сомон Эйр”, Замбӯров Давлат назди мусофирон ҳозир шуда, таъхири парвозро дастур аз Душанбе гуфтааст ва таъкид кардааст, ки мусофиронро танҳо бо меҳмонхона таъмин мекунад, вале ғизою дигар хароҷотро ба дӯш намегирад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз фаъолияти ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон интиқод карда, ҳушдор дод, ки агар камбудиҳо ислоҳ нашаванд ин бахш ба рӯйхати сиёҳи байналмилалӣ ворид мешавад. Созмонҳои байналмилалии ҳавонавардӣ ҳам барои ислоҳи камбудҳо ба Тоҷикистон то моҳи ноябр муҳлат дода, таъкид кардаанд, ки дар акси ҳол парвози ширкатҳои ҳавоии тоҷик ба Аврупо ва бархе кишварҳои дигар манъ хоҳад шуд.