Тибқи иттилоъи манбаъ, на танҳо донишҷўёни ба таври буҷавӣ дохилшуда, балки нафарони бо таври шартномавӣ мехонда низ, бо иллати ширкат нанамудан дар дарсҳо ва қарздор мондан аз имтиҳону санҷишҳо, тибқи қонуни ҷорӣ аз донишгоҳ ронда шудаанд. Аз шумораи умумии хориҷшудагон, 105-нафарашон донишҷуёни гурӯҳи шартномавианд.
Дар ҳамин ҳол, 5-донишҷӯи шӯъбаи рўзонаи ҳамин донишгоҳ аз ҷониби кормандони мақомоти интизоми бо ҷурми иштирок дар бетартибиҳои баъди бозии футболи «Равшан» ва «Истиқлол» дар шаҳри Кўлоб боздошт гардида буданд. Гуфта мешавад, вазири маориф дар як вохурӣ бо кормандони донишгоҳу донишҷўён аз ин амали толлибилмон изҳори нигаронӣ намуда даъват карда буд, то ин донишҷўён аз донишгоҳ пеш карда шаванд. Аммо маъмурияти донишгоҳ мегўянд, ҷурме аз ҷониби эшон дар ин маврид ошкор нагаштааст ва то баромадани ҳукми суд интизор хоҳанд шуд.{jathumbnail off}