Марги 1 афсар ва ҷароҳати беш аз 30 сарбоз дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Як “КамАЗ”-и Вазорати дифои Тоҷикистон, ки беш аз сӣ сарбозро аз минтақаи Хатлон ба Суғд мебурд, ба дарёи Варзоб чаппа шудааст.
Ин хабарро дар Вазорати дифоъ тасдиқ карда ва гуфтанд, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 23-юми июн дар мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтодааст.
“Дар натиҷаи ин садама як афсар -- лейтенант Баёнқул Холов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 31 сарбоз ва 2 афсари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тамоми захмиён ба шифохонаи ҳарбии Вазорати дифоъ ва беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шуданд”,-афзуд манбаъ.
Ба қавли мусоҳиби мо, ҳоло таҳқиқи қазия идома дорад ва масъулони БДА иллати аз роҳ берун рафтану ба дарё сарозер рафтани мошини сарбозонро муайян мекунанд.