Тоҷикистону Қувайт шаш санади ҳамкорӣ имзо карданд
Дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Қувайт миёни ду кишвар шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин созишномаҳои байниҳукуматӣ “доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва тандурустӣ” мебошанд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни музокироти раҳбарони ду кишвар таъкид шудааст, ки Тоҷикистону Қувайт метавонанд, дар бахши сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, иқтисод, савдо ва сармоягузорӣ, энержӣ, роҳсозӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илму техника ва сайёҳӣ ҳамкории густурда дошта бошанд.