МЕҲМОН БАХТӢ
Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, моҳи марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст.
Ӯ соли 1958 Омӯзишгоҳи педагогӣ ва соли 1963 факулати таъриху адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ба поён расондааст.
Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Ғарм ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси Миллӣ интихоб мегардад.
Соли 1999 сардори шӯъбаи ташвиқоти адабиёти Иттиҳоди нависандагон таъин мешавад. Баъд аз он, солҳои 2004 ва 2009, ду бор ба ҳайси раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон интихоб гардида, то ҳол ин симматро ба уҳда дорад.
Меҳмон Бахтӣ муаллифи драмаи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, повести “Хубон”, “Мӯйсафед”, маҷмӯи шеъри “Илҳом”, “Орзуҳои ширин” ва ғайра мебошад. Бисёре аз осори ӯ ба забони русӣ, украинӣ, узбакӣ, озарӣ ва қирғизӣ таҷумаву нашр шудаанд.