Шарти Меҳмон Бахтӣ барои ба суд накашидани Тутубалина
Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як ҳамоиши зиёиёни тоҷик дар Душанбе пешниҳод кардааст, ки алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ шикоят набаранд.
Меҳмон Бахтӣ 22-юми июн, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар ҷаласаи муштарак матлаби Олга Тутубалина, таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро муҳокима карданд ва “ман пешниҳод намудам, ки ба додгоҳ муроҷиатнома набарем.” Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шарти ин пешниҳодашро дар он гуфт, ки “агар Тутубалина аз зиёиёни тоҷик узрхоҳӣ намояд.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Меҳмон Бахтӣ дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” аз азми қавӣ барои ба додгоҳ кашидани Тутубалина хабар дода, дар шарҳи он афзуд, ки “Вақте вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. Тасаввур кунед, ки ҳамин хел одам дар ягон кишвари дунё, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон ё Гурҷистон мебуд ва нисбати зиёиён ҳамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”
Олга Тутабалина дар матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Ин изҳороти Тутубалинаро бархе аз зиёиёни тоҷик таҳқири миллат ва тамоми қишри зиёӣ хонда, изҳор дошта буданд, ки аз болои муаллиф ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.