Эҳтимоли рабуда шудани дорусози тоҷик аз ҷониби Маҳмуд Худойбердиев
Волидайни Пайрав Усмонов, як ҷавони 31 солаи тоҷик аз шаҳри Кӯлоб аз мақомот хоҳиш доранд, ки қазияи гумшавии фарзандашонро ҷиддитар пайгирӣ кунанд.
Волидайни ин ҷавон дар суҳбат ба хабаргузории «Озодагон» изҳор доштанд, ки 19-уми майи соли 2010 чор нафар аз дӯстони фарзандашон ба онҳо гуфтаанд, фарзандашон дар рӯдхонаи Қаратоғ ғарқ шудааст, аммо Рустам Усмонов, падари ин ҷавон мегӯяд, ба ин фарзия бовар надорад.
Ба гуфтаи волидайни Пайрав, фарзандашон дар ширкатҳои доруфурӯшӣ фаъолият дошта, аз беҳтарин донандагони технологияи ин соҳа будааст.
Рустам Усмонов, падари ин ҷавон, ки худ солҳои тӯлонӣ дар мақомоти интизомӣ фаъолият кардааст, таъкид намуд, “чандин шоҳиду далел дорам, ки фарзандам ғарқ нашудааст ва ба эҳтимоли ғолиб рабуда шудааст.”
Ҳарчанд, се нафар ҳамроҳони Пайрав Усмонов шаҳодат додаанд, ки рӯзи 19-уми майи соли 2010 ҳангоми истироҳат Пайрав ба рӯдхонаи Қаратоғ ворид шуда, дигар берун наомадааст, падараш баъди сӯҳбат бо шоҳидон ба ин фарзия шубҳа кардааст ва аз Додситони кул хоҳиш дорад, аз рӯи қазияи рабуда шудани фарзандаш парвандаи ҷиноӣ кушояд: « Аз таҷрибаи кории худам ва аз қавли шоҳидону коршиносоне, ки аз ҷои ҳодиса дидан кардаанд, фарзияи ғарқ шудан дурӯғ аст. Аввалан, ин ки аз Норак ғавосонро даъват кардам ва то ҳудуди Узбакистон обро кофтем, дар ҳеҷ ҷой ҷасадро пайдо накардем. Аз ҷое, ки ҳамроҳонаш мегӯянд, даҳҳо сокини кӯҳансоли маҳаллиро овардам, гуфтанд, ки номумкин аст, ки аз ин ҷо одам ғарқ шавад. Сокинони кӯҳансол ҳам хаттӣ баёнот доданд, ки ғарқ шудани фарзандам дар он ҷо аз рӯи мантиқ нест.».
Волидайну наздикони Пайрав бар ин назаранд, ки эҳтимол ӯро бинобар беҳтарин мутахассиси компютер ва дорусоз буданаш гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев, фармондеҳи фирории тоҷик, рабуда, ба дасти толибон супурдаанд.
Гулдаста Лоиқова, модари ин ҷавони гумшуда, мегӯяд, ба мақомотҳои дахлдор ариза навиштааст, аммо касе ҷиддан чора намебинад: «Ба ҳамаи ҷо навиштам. Шоҳидонро дуруст намепурсанд. Ман бовар дорам ва ҳар шаб хоб мебинам, ки фарзандам зинда аст. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ зинда аст ва агар мақомот шоҳидонро дуруст пурсанд, ӯро пайдо мекунанд.»