Ҳамасола дар Қирғизистон то 12 000 арусро медузданд
Ҳамасола дар Қирғизистон аз 8 000 то 12 000 арус дуздида мешавад. Аз се ду ҳиссаи рабудашудаҳо аз қабл мувофиқа намешаванд, ки ин ҷиноят маҳсуб мешавад. Тақрибан ба номуси 2 000 зан дастдарозӣ мешавад. Ин нуктаро Стюарт Кан, раҳбари барномаи Хонаи озодӣ дар Қирғизистон иброз доштааст.
Ӯ аз ҳукумати Қирғизистон даъват кардааст, барои ҷилавгирӣ аз дуздии арусон чораҳои зарурӣ андешад. «Даъвоҳоеро, ки рабудани арус як ҷузъи анъанаи қирғизҳо аст, тамоми донишмандон рад мекунанд, зеро чунин ҳолатҳоро ба ғуломӣ мешавад баробар кард. Дуздӣ - ҷиноят аст, новобаста аз ҳадафҳое, ки дунбол дорад. Ҳукумати Қирғизистон бо чунин муносибат ба ин масъала як навъ ҷонибдории худро ба қонуншиканӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон баён мекунад»,-афзудааст Стюарт Кан.
Раҳбари барномаи Хонаи озодӣ дар Қирғизистон илова карда, ки «бояд қонуни иловагие тасвиб шавад ва тибқи он домуллоҳо барои бастани ақди никоҳ бидуни мувофиқаи ду ҷониб ва қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ба ҷавобгарӣ кашида шаванд».
Ба пешниҳоди ӯ, ҳукумат бояд дар мавриди ғайриқнунӣ будани рабудани арусон иқдоми густурдаеро роҳандозӣ намояд ва аз тариқи расонаҳо, махсусан телевизион онро тарғиб намояд.