Боздошти мулло Ҷаббор барои “чашмбандӣ” ва дуздии 80 000$
Кормандони Раёсати Вазорати умури дохилии вилояти Хатлон як гурӯҳи мутташакили ҷиноиро бо сарварии муллое боздошт намудаанд, ки дар рабудани маблағҳои калон муттаҳам мешаванд.
Тавре аз раёсати мазкур хабар доданд, Ҷаббор Атохӯҷаевич Абдурраҳмонов, сокини ноҳияи Бохтар, ки даъвии муллоӣ дорад, се нафар шарики ҷавонашро ба амали дуздӣ ташвиқ намуда, гуфтааст, бо чашмбандӣ ва дуохонӣ пеши корро мекушояд ва баъд аз дуздӣ низ касе наметавонад онҳоро дастгир созад.
Бо ҳамин бовар ин се нафар ҷавон, ки масъули тафтишот то хатми парванда аз ифшои номашон худдорӣ варзид, рӯзи 17-уми феврали соли 2013, тақрибан соати 01.30 аз манзили истиқоматии соҳибкор Толиб, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, як адад сандуқи фӯлодиро, ки дар дохилаш беш аз 80 ҳазор доллари ИМА нигоҳдорӣ мешудааст, ба яғмо бурдаанд.
Мақомот мегӯянд, мулло Ҷаббор барои хизмати “чашмбандӣ” аз шариконаш 35 ҳазор доллари ИМА ҳақмузд гирифтааст.
Айни ҳол тафтиши қазия аз ҷониби РВКД-и вилояти Хатлон алҳол ҷараён дорад.