Валерий Турсунов курсии ноиб-президенти ФФТ-ро тарк карданист
Валерий Турсунов, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ирсоли аризае унвонии роҳбарияти ин ниҳод, хоҳиш кардааст, ӯро аз вазифа озод намоянд. Дар ин бора торнамои ФФТ хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷаноби Турсунов сабаби ин тасмимашро ба вазъи саломатияш марбут донистааст.
«Миннатдории худро ба раҳбарияти ФФТ барои ҳамкориҳои судманд баён мекунам ва барои амалӣ шудани нақшаҳояшон ҷиҳати рушди футбол ба онҳо барор мехоҳам»,-гуфтааст ӯ.
Валерий Турсунов соли 1996 ба курсии ноиб-президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон нишаста буд.
Валерий Турсунов 23-юми августи соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Устоди варзиши СССР (аз соли 1982), мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистону Шӯравӣ (аз соли 1989).
Аз рӯи бозиҳои анҷомдода (542) ва голҳои зада (173) дар ҳайати тими «Помир»-и Душанбе дар Лигаи аввали чемпионати СССР оид ба футбол рекордсмен маҳсуб меёбад.