Боздиди чоррӯзаи Бордюжа аз Тоҷикистон ба поён расид
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои анҷоми сафари чоррӯза ба Душанбе ташриф оварда буд.
Тибқи иттилои Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаноби Бордюжа шурӯъ аз 12 то 15-уми июл бо як қатор роҳбарони мақомот и қудратии кишвар вохӯрӣ анҷом дод.Зимнан, номбурда бо вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва соири масъулини интизомии Тоҷикистон доираи васеъи амнияти минтақавӣ-ҷаҳониро баррасӣ намуда, вобаста ба фаъолияти СПАД мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла масоили вобаста ба дурнамои фаъолияти созмон, нерӯҳои муштараки зудамали Осиёи Марказӣ, масоили маблағгузорӣ таҷлили машқхои муштараки нақшавии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, омодасозӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои низомӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ, вазъи кунунии ҷумҳурии исломии Афғонистон ва дигар масъалаҳое ки дар таъмини бехатарии минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад, ба баррасӣ гирифта шуд.
Маҳмадалиев гуфт, вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев барои боз ҳам самарабахш намудани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар доираи ин созмони як қатор пешниҳодҳои мушаххас намуд, ки он дар ҷаласаҳои навбатии созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ёдрас менамоем, СПАД пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар соли 1992 таъсис ёфта, Русия, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Тоҷикистону Қирғизистон шомили ин ташкилот шуданд. Дар соли 2006 бошад, Ӯзбакистонро низ ба узвияти ин созмон пазируфтанд. {jathumbnail off}