Мессӣ ва падараш дар гурез аз андоз муттаҳам мешаванд
Кумитаи андози ҳукумати Испания ба таври расмӣ 20-уми июн ба бозигари дастаи «Барселона» Леонел Мессӣ ва падари ӯ Хорхио Орасио барои гурез аз андоз итиҳоми расмӣ равон кардааст.
Тибқи иттилои хабаргузориҳо Мессӣ, яке аз гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон 17-уми сентябри соли равон дар додгоҳ ҷавоб хоҳад гуфт.
Қаблан додситон Ракел Амадо аз болои хонаводаи Мессӣ ба додгоҳ шикоят бурда, онҳоро дар он муттаҳам кард, ки дар эъломияи андозашон тайи солҳои 2007- 2009 иттилооти нодуруст пешниҳод кардаанд ва аз пардохти 4 миллион евро ба хазинаи Испания саркашӣ намудаанд.
Аммо Мессӣ ин иттиҳомотро рад карда, изҳор медорад, ки ҳамеша ба уҳдадорияҳояш дар назди андоз муносибати ҷиддӣ доштааст.
Леонел Мессӣ 7 январи соли 2013 аввалин футболист дар таърих гардид, ки чор маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гашт. Маоши солонаи ӯ 16 миллион евро арзёбӣ мешавад.