Президент барои бунёди купрукҳои роҳи оҳан як сол муҳлат дод
Дар минтақаи Баракат-Этреки роҳи оҳани Гизилгай-Баракат-Этреки қисмати туркмании роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон 13 пул сохта мешавад. Дар робита Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райиси ҷумҳури Туркманистон санадеро имзо кардааст.
Ин санад ба Вазорати роҳи оҳани Туркманистон иҷоза медиҳад, бо ширкати «Nata Inşaat Turizm Taşimacilik Ticaret ve Sanayi Anonim Şirketi»-и Туркия барои лоиҳакашӣ ва бунёди 13 пули роҳи оҳан дар минтақаи мазкур ҳамкорӣ намояд.
Дар ҳуҷҷат навишта шудааст, ки корҳо дар ин самт моҳи июни соли 2013 шурӯъ гардида, то моҳи августи соли 2014 бояд пулҳо пурра ба истифода дода шаванд.
Ёдовар мешавем, қаблан Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин зери қароре имзо гузошт, ки тибқи он Вазорати нақлиёти ин кишвар муваззаф шуд, қисмати туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро то моҳи июни соли 2015 пурра ба анҷом расонад.
Маросими ифтитоҳи расмии сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон 5-уми июн бо ҳузури раҳбарони ин се кишвар, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Лабиоби ин кишвар баргузор гардид.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ кардааст. Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.