Федератсияи рақсҳои варзишии Тоҷикистон ба иллати пайдо накардани пул натавонистааст ба Бозиҳои олимпии Осиё ба Куриё равад.
Азиза Қаюмова, масъули федератсия, ба “Озодагон” гуфт, онҳоро Анҷумани байналмилалии рақсҳои варзишӣ ба Куриё даъват карда буд ва ин бозиҳо охири моҳи июн ва аввали моҳи июли соли ҷорӣ баргузор мегардад.
“Барои иштирок дар ин бозиҳо мо омодагӣ дида будем. Аммо аз сабаби набудани имконият тайёрии худро ба соли оянда мондем”,-гуфт ӯ.
Хонум Қаюмова аз он шиква кард, ки Кумитаи олимпии Тоҷикистон онҳоро аз нигоҳи молӣ пуштибонӣ намекунад ва онҳо маҷбуранд, бо дарёфти сармояи худӣ варзишгаронро барои мусобиқаҳо фиристанд.
“Феълан федератсияи моро ба Русия ба мусобиқаи бози рақси Амрикои Лотин, ба Қирғизистон барои мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди рақси брейк-данс, ки дар моҳи сентябри соли равон баргузор мегардад, даъват намудаанд. Айни замон барои иштирок дар ин мусобиқаҳо омодагӣ мебинем ва умеди онро дорем, ки мушкили молӣ пеш нахоҳад омад”, - афзуд Қаюмова.
Федератсияи рақсҳои варзишии Тоҷикистон як соли қабл таъсис шуда, ба дӯстдорони рақсҳои муосир рақсҳои варзиширо меомӯзонад. Азиза Қаюмова мегӯяд, ҳоло ҳаводорони рақсҳои варзиширо як гурӯҳи 14-нафарии устодон бештар аз рӯи се равия -- брейк-данс, рақси Амрикои Лотин ва ҳип-ҳоп омӯзиш медиҳанд.