Номи маъшуқи духтари президент дар феҳрасти соҳибони ширкатҳои оффшор
ICIJ, Консорсиюми байналмилалии журналистони таҳқиқотгар, рӯйхати соҳибони ширкатҳои сабтшуда дар минтақаҳои оффшорро нашр кард, ки дар он аз Узбакистон 30 ном навишта шудааст.
Пажӯҳиши муфассали ICIJ имкон медиҳад, ба осонӣ муайян кард, ки соҳибони ширкатҳои оффшор бо кадом суроға дар Узбакистон сабт шудаанд, ширкати оффшорияш чӣ ном дорад ва бо кадом ширкатҳо ҳамкорӣ мекунад.
Uznews.net менависад, миёни чеҳраҳои шинохта, ки номашон дар ин феҳраст омадааст, Рустам Мадумаров, яке аз иштирокчиёни гуруҳи Дадо, ки тибқи овозаҳо солҳост маъшуқи Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон аст, низ мебошад.
Суроғаи ӯ кӯчаи Юнусободи шаҳри Тошканд ва соҳиби ширкати оффшории Stockbrigde Plus LTD муаррифӣ шудааст.
Ca-news феҳрасти шаҳрвандони Узбакистонро, ки ба навиштаи ICIJ дар минтақаҳои оффшор соҳиби ширкатҳоянд нашр кардааст:
1. Ҷамшед Миралимов – Тошканд;
2. Александр Свободин – Тошканд;
3. Фаррухҷон Туляганов – Тошканд;
4. Неля Кислова - Тошканд;
5. Олег Бессонов - Тошканд;
6. Абдумалик Иминов - Тошканд;
7. Ренат Ахматуллин - Тошканд;
8. Зумрад Тошпулотова - Тошканд;
9. Рупат Раҳматхариев - Тошканд;
10.Владимир Климин - Тошканд;
11. Сарвар Тургунов - Тошканд;
12. Маҳмуд Балабеков - Тошканд;
13. Андрей Ким - Тошканд;
14. Солиҷон Азизов- Тошканд;
15. Тургун Шаҳобиддинов - Тошканд;
16. Фарҳод Фахриддинович Мамаҷанов - Тошканд;
17. Умар Болтабаев - Тошканд;
18. Шуҳрат Ташпулотов - Тошканд;
19. Галип Умаров - Тошканд;
20. Евгений Пак - Тошканд;
21. Ҷулиетта Мучак - Тошканд;
22. Баҳодур Ғаруров - Тошканд;
23. Алишер Муҳиддинов – Навоӣ;
24. Рустам Мадумаров - Тошканд;
25. Воҳид Қаҳҳоров - Тошканд;
26. Нуриддин Ваисов - Тошканд;
27. Ҳабибулло Хатхуллоев - Тошканд;
28. Ҷаҳонгир Ҷураев - Тошканд;
29. Александр Багиев - Тошканд;
30. Нарине Аветисян – Андиҷон.