"Ба Зафаробод бо чархбол наё, президент!"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин ҳафта ба Суғд омада, аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Ашту Ғончӣ боздид кард. Ҳамчунин, дар Хуҷанд як Қасри варзишро ифтитоҳ намуду дар Қайроққум аз вазъи корхонаи қолинбофӣ огоҳ шуд.
Сокинони ноҳияи Зафаробод ҳам умедвор буданд, ки оқои Раҳмон имсол аз ҳолашон хабар мегирад. Махсусан аз ҳоли роҳҳои вайронаи ноҳия.
Ду сол пеш Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, корхонаи ҷӯроббофиро ба истифода дода буд. Он вақт ӯ тариқи чархбол ба Зафаробод рафт. Аз ин хотир аксари мардум мегӯянд, агар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳ биёяд, «аҳволи» роҳ хеле хуб хоҳад шуд, зеро ҳеч гоҳ ҳукуматдорон бо ин роҳи вайрона раисҷумҳурро намеоранд.
Гузашта аз ин, даҳ сол мешавад, ки ронандагон аз пул ё купрӯки вайронаи Ширинсой мегузаранд. Ҳар боре, ки ба сой сел меояд, сокинон соатҳо интизори камшавии об меистанд. Рӯзҳое низ буданд, ки нақлиёти мусофиркашон аз сой гузашта наметавонист ва мардум аз дохили об гузашта ва ба дигар нақлиёт савор мешуданд. Яъне «автовокзал» дар назди пули Ширинсой ташкил шуда буд.
Шаби якшанбе ба душанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар ин сой сел омад ва субҳ мошинҳо натавонситанд пули Ширинсойро бигузаранд. Мусофирон барои ин нуқтаро убур кардан, тақрибан чаҳор – панҷ соат интизор шуданд. Дар ҳамин замон як нафар, ки дар мошинаи мусофиркашонӣ ҳамроҳи мо буд, гуфт: «Ба Зафаробод бо роҳ биёед, президент».
Аммо маълум нест, ки кай президент тавассути роҳ ба Зафаробод мераваду мақомот аз тарс он роҳҳоро мумфарш мекунанд. Фикр мекунам, шояд сокинони дигар ноҳияҳо низ чунин орзуро дошта бошанд. Чӣ гуфтед?
Дилошӯб ОРИФЗОДА