Амрико техникаи ҳарбияшро дар Афғонистон ба оҳанпора табдил медиҳад
Дар доираи омодагиҳо ба хуруҷи Неруҳои байналмилалии таъмини амният аз Афғонистон ИМА беш аз 77 ҳазор тонн техникаи ҳарбиро маҳв карда ва онро ҳамчун оҳанпора мефурӯшад.
Бо далели он ки дубора ба Амрико бурдани таҷҳизоти низомӣ, ки ҳаҷми он марзи 7 миллиард долларро убур мекунад, хеле гарон меафтад, бештари он ба қисмҳо ҷудо хоҳад шуд, хабар медиҳад «Коммерсантъ».
Гуфта мешавад, миёни техникаи «оҳанпорашуда» садҳо мошини зиреҳпуши зидди мин ҳам ҳастанд, ки соли 2007 махсус барои Афғонистон сохта шудаанд. Ҳаҷми як чунин мошин ҳудуди 1 миллион доллар будааст.
Намояндаҳои миссияи низомии ИМА дар Афғонистон бар ин ақидаанд, ки афғонҳо баъди хуруҷи неруҳои амрикоӣ техникаи ҳарбиро ба таври бояд истифода бурда наметавонанд.
Қарор аст, баъд аз соли 2014 танҳо 3-9 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ монад. Онҳо ба омӯзиши сарбозони афғон машғул хоҳанд буд.