“Прадо”-и Ш.Хайруллоев, “Кемрӣ”-и Ф.Саидов ва “Максима”-и Асрорӣ
Аксар вазирон ва раҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон мошинҳои хидматияшонро, ки дар гузашта “Газ-31”-и русӣ буд, бо “Тойота Прадо”, “Тойота Кемрӣ”, “Максима” ва “Ландкрузер” иваз кардаанд.
Ин мошинҳо истеҳсоли Куриёву Ҷопон ва Олмон буда, аз 15 то 80 ҳазор доллар арзиш доранд. Аммо то ҳол рӯшан нест, вазоратхонаву идораҳои давлатии Тоҷикистон барои харидории чунин мошинҳои хидматӣ чӣ қадар пул сарф кардаанду мекунанд.
Бо ин ҳол, хабарнигори “Озодагон” талош кард, навъ ё маркаи мошини хидматии бархе аз вазирони тоҷикро пайдо кунад. Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон ба хабарнигори мо гуфтаанд, генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев мошини хидматии “Тойота Прадо” дорад, ки танҳо дар вақти корӣ аз он истифода мебарад.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, гуфтааст, “чун қисмҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла баландкӯҳҳо ҷой гирифтааст, вазири дифоъ аз мошини хидматии “Тойота Прадо” истифода мекунад.”
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, “Ландкрузер” доштааст. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтанд, ин мошини хидматии оқои Саидов барои иҷрои корҳои вазорат истифода шуда, барои корҳои шахсӣ ӯ мошини худашро дорад.
Рустам Менглиев, вазири адлия ва Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, “Тойота Кемрӣ” дошта, Мирзошоҳрух Асрорӣ -- вазири фарҳанг аз “Максима” истифода мекардааст. Чанд соли қабл мошини хидматии Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия, ҳам “Максима” буд ва ҳоло маълум нест, кадом навъи мошин дар хидмати ӯст.
Аз ин пештар дар Фейсбук кормандони нашрияи “ИмрӯзNews” акси мошини Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи Тоҷик”-ро гузошта, қиммати онро на камтар аз 100 ҳазор доллар дониста буданд. Ин акс дар фасли сармо рӯи Фейсбук омада буд, ки он замон аксари кулли сокинони кишвар аз нерӯи барқ маҳрум буданд ва бо вокунишҳои тунди корбарони интернет рӯбарӯ шуд.
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, ҳам дар як сӯҳбати худ гуфта буд, ки мошини “Ландкрузер” дорад, ки ҳанӯз соли 2007 харидорӣ шудааст. Вай ҳамчунин илова карда буд, ки барои як рӯзи корӣ даҳ литр бензин дарёфт мекунанд, ки кофӣ нест ва ӯ аксаран бегоҳӣ ё субҳгоҳон пиёда ба кор меояду меравад.
Айни ин гапро бархе дигар аз роҳбарон низ баъзан такрор мекунанд. Вале соли 2009 Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, гуфта буд, ки барои кам кардани харҷи идора онҳо аз хидмати дучарха ё велосипед истифода мекунанд. Ҳарчанд баъд аз ин изҳроту аксбардорӣ бо велосипед, Бег Зуҳуров бо дучарха пайдо нашудааст.
Дар гузашта ҳам мавзӯи мошинҳои гаронқимати вазирон ва раисони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон будааст. Ҳанӯз соли 2007 аз Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, пурсида буданд, ки дар назди идораи онҳо мошинҳои гаронқимат меистад ва оё маоши онҳо барои харидории онҳо кофист. Ӯ гуфта буд, аксари ин мошинҳоро наздикони онҳо барояшон тақдим кардаанд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.