Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай раис мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми июн, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсевро ба ҳузур пазируфт.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша мутобиқ ба рӯҳияи созандаи созмон устуворона амал карда, дар татбиқи босамари Стратегияи миёнамуҳлати рушди Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар санадҳои муҳими қабулшуда, саҳми намоёни худро мегузорад”.
Интизор меравад, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай пас аз ҳамоиши Бишкек аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гузашта, ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) – ташкилоти байналмилалии минтақавӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати СҲШ кишварҳои Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон дохил мешаванд. Кишварҳои Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон статуси мушоҳидачӣ доранд. Ба ғайр аз ин ба сифати мушоҳидачӣ дар ҷаласа Президентҳои Афғонистон ва Туркманистон иштирок менамоянд.
Вазифаи асосии СҲШ таъмин кардани оромӣ ва бехатарӣ дар фазои васеи кишварҳо (иштирокчиёни СҲШ), мубориза бо терроризм, сепаратизм, экстремизм, қочоқи маводи нашъадор, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳои энергетикӣ, илмӣ ва фараҳангӣ арзёбӣ мешаванд.