Аз ҷелаки сокини 91-солаи Данғара 7000 сомониро дуздидаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷавони сисолае як сокини 91-солаи ноҳияи Данғараро ғорат кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод шаҳрванд Шодиев Афанд Эшқувватович соли таваллудаш 1922, сокини деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба шуъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17 июни соли равон шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш гардида, аз дохили кисаи ҷелакаш 7000-сомонӣ пули нақдро дуздидааст.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони ШКВД-и ноҳияи Данғара шаҳрванд Шарипов Тоҷиддин Нуралиевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Сомонии ноҳияи мазкур бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.