Баҳси ҳуқуқи муаллифӣ барои таронаи Happy birthday to you
Ширкати Good Morning To You Productions Corp-и Ню-Йорк аз болои ширкати Warner/Chappel Music Inc шикоят бурда, тақозои бекор намудани ҳуқуқи муаллифии он ба таронаи машҳури «Happy birthday to you» (Таваллудат муборак)-ро кардааст.
Ба иддаои онҳо ширкати Warner/Chappel Music Inc ғайриқонунӣ ҳуқуқи муаллифии суруди «Happy birthday to you»-ро соҳибӣ карда, давоми солҳои тӯлонӣ аз ширкатҳои дигар барои истифодаи таронаи мазкур маблағ меситонад.
Моҳи марти имсол Good Morning To You Productions Corp ҳам барои истифодаи ин суруд дар як филми ҳуҷҷатии бахшида ба таърихи тарона ба ширкати Warner/Chappel Music Inc 1,5 ҳазор доллар таслим кард.
Шикояткунандаҳо гуфтаанд, ба ин минвол Warner/Chappell Music Inc ҳамасола ғайриқонунӣ соҳиби ҳудуди 2 миллион доллар мешавад.
Онҳо талаб доранд, таронаи «Happy birthday to you» дастоварди ҷамъиятӣ эътироф шавад.
Таронаи «Happy birthday to you» соли 1893 аз сӯи хоҳарон Патти ва Милдред Хилл (Patty, Mildred Hill), ки дар Кентукки омузгори мактуб шуда кор мекарданд, навишта шудааст. Дар оғоз он «Good morning to all» ном дошт ва барои пазироии мактаббачагони нав нигаронида шуда буд. Баъдан ҷумлаи «Good morning to all»-ро ба «Happy birthday to you» иваз карданд.
Ҳуқуқи муаллифӣ ба ин таронаро соли 1893 ширкати Clayton Summy аз хоҳарон харид, хабар медиҳад Рейтерс.